Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Қазияи халабонҳоро Эмомалӣ Раҳмон таҳти назорат мегирад?


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Бино ба гузориши хабаргузории ИТАР-ТАСС, раисиҷумҳури Тоҷикистон -- Эмомалӣ Раҳмон шахсан қазияи халабонҳои маҳкумшудаи ширкати русии “Ролкан Инвестмент ЛТД”-ро аз наздик пайгирӣ мекунад.

Дар ин бора ба хабаргузорӣ манобеи огоҳ иттилоъ додаанд. Ин манобеъ афзудаанд, “раҳбари давлати Тоҷикистон тамоми иттилоот дар бораи қазияи халабонҳоро аз забони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ки таҳқиқи парвандаро ба ӯҳда дорад, шунид.”

Ба қавли манобеи ИТАР-ТАСС, ҷониби Тоҷикистон талош дорад, то ин қазияро аз роҳи дипломатӣ ҳал бикунад. Дар ҳоле ки ба навиштаи ин хабаргузорӣ, ҳукумати Тоҷикистон вокуниши шадиди Русия дар баробари ҳукми ду халабонро интизор надошт.

Вале мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора ба таври ошкоро сӯҳбат накардаанд.

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи ҳафтуми ноябр ду халабони ширкати русии “Ролкан Инвестмент ЛТД”, шаҳрванди Русия – Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония – Алексей Руденкоро ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум кард. Ин ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа норозигии ҷониби Русияро дар пай дошт ва мақомоти Русия ба шиддат аз ҷониби Тоҷикистон талаб карданд, то ин ду халабонро озод ва ба кишварашон бозпас фиристанд.

Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин ду халабони ширкати русӣ ба нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз, убури ғайриқонии марзи давлатӣ ва ҳам қочоқ муҷрим шинохта мешаванд ва ин айби онҳо таъйиди худро ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки Ғулом Бобоев, вакили мудофеи Садовничий ва Руденко ба хабргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, барои ҳалли қазияи афродти таҳти ҳимояаш бовар дорад. Вай гуфтааст, Садовничий ва Руденко аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шикоят бурдаанд ва мутмаинанд, ки бегуноҳии онҳо собит хоҳад шуд.

Бо ин ҳол, ҳукми зиндони ду халабони ширкати русӣ ба маъмурони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия имкон дод, ки ҳудуди сесад муҳоҷири тоҷикро боздошт ва як гурӯҳи онҳоро ба Тоҷикистон "депортатсия" кунанд. Ҳамчунин, рӯзи 12 ноябр афроди алоҳида дар канори бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо талаби раҳоии халабони рус Владимир Садовничий пикетҳо ташкил карданд.

Дар ин бора Сулаймон Рашидов, мушовири сафорати Тоҷикистон хабар дод ва афзуд, қарор аст гирдиҳамоии гурӯҳҳои миллатгаро ва созмони ҷавони "Молодая гвардия" дар назди сафорат рӯзи душанбе (14 ноябр) баргузор шавад.

Ба ин манзур бо қарори сафири Тоҷикистон дар Русия як ситоди махсус барои кӯмак ба муҳоҷирони тоҷик таъсис шудааст. Тӯрабек Назаров, мушовири сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ин ситод ҳамчунин ба кӯмаки муҳоҷироне, ки дар вазъи ногувор қарор доранд, хоҳад шитофт Ба узвияти ин ситод 22 нафар шомиланд, ки дар садри он Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия қарор дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG