Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати нави Италияро кумиссионери пешини Иттиҳоди Аврупо, Марио Монтӣ ташкил хоҳад дод.

Раисиҷумҳури Италия Ҷорҷио Наполитано профессори 68-солаи иқтисодиётро пас аз гуфтушунид бо сарони ҳамаи ҳизбҳои сиёсии порлумонии кишвараш ба ин мақом даъват кард. Қарор аст, Монтӣ ҳайати ҳукумати навро дар чанд рӯзи оянда муайян намояд. Аммо барои оғози кори ин ҳукумат бояд порлумон раъйи мувофиқ диҳад.

Силвио Берлусконӣ рӯзи сешанбе натавонист раъйи аксарияти порлумони ин кишварро ба даст оварад. Берлусконӣ пеш аз ин гуфта буд, ки агар порлумон тарҳи риёзати иқтисодиро аз тасвиб бигзаронад, аз мақоми худ канорагирӣ хоҳад кард. Тарҳе, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо онро барои берунрафти ин кишвар аз бӯҳрони иқтисодӣ ва қарзҳои зиёдаш зарурӣ донистаанд.

Дар ҳоли ҳозир қарзи Италия беш аз як триллиону 900 миллиард евро аст. Яъне, ба навиштаи расонаҳои ғарбӣ, оқибат Берлускониро на расвоиҳои зиёд, балки мушкили иқтисодӣ аз саҳна берун кард.

Силвио Берлусконӣ, миллиардери 75-сола барои нахустин бор дар соли 1994 бо шиори “Италия ба пеш битоз!”ба қудрат расид. Аммо дар ниҳоят бо боло гирифтани ихтилофот миёни вай ва раҳбари Лигаи шимолии Италия дар соли 1995 маҷбур ба истеъфо шуд.

Сипас дар соли 2001 симмати панҷсолаи нахуствазириро барои бори дуввум бар ӯҳда гирифт ва пас аз он дар соли 2007 ва баъди истеъфои Романо Проди нахуствазири вақти Италия ба далели рукуди иқтисодӣ, барои бори севум ба мақом нахуствазирӣ расида буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG