Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Берлусконӣ ба истеъфо рафт


Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Итолиё, шомгоҳи шанбе саранҷом аз мақоми худ канорагирӣ кард. Ин дар ҳолест, ки Палатаи поёни порлумони Итолиё бастаи чораҳои изтирории иқтисодӣ ба хотири рафъи мушкили молиявии кишвар ва эҳёи эътимоди сармоягузоронро пазируфт.

Ин баста аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо дар чаҳорчӯби барномаи рафъи бӯҳрони молиявӣ дар "минтақаи евро" таҳия шудааст. Аз ин пеш нахуствазири Итолиё Силвио Берлусконӣ изҳор карда буд, ки баъди пазируфта шудани ин бастаи чораҳои изтирорӣ мақомашро тарк мекунад.
XS
SM
MD
LG