Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Инфиҷор дар постгоҳ як полиси покистониро кушт


Дар Покистон бар асари инфиҷор дар канори постгоҳи амниятии шаҳри Шабкадар дасти кам як корманди полис кушта шуд ва як тани дигар ҷароҳат бардошт.

Масъулияти ҳамлаи террористиро ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст ва аммо мақомоти тафтишотӣ ангушти иттиҳом сӯи толибон кардаанд, ки аз ин пеш дар ин мавзеъ борҳо ҳамлаҳо доир намудаанд.

Шабкадар дар наздикиҳои шаҳри Пешовар, дар шимолу ғарби Покистон, ҷойгир аст, ки он ҷо гурӯҳҳои ифротгаро фаъоланд.
XS
SM
MD
LG