Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти Аъзам Зиёев, охирин маҳбуси фирорӣ


Аъзам Зиёев, мулаққаб ба "Аъзами Панҷара", аз охирин маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон

Аъзам Зиёев, мулаққаб ба "Аъзами Панҷара", аз охирин маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон

Аъзам Зиёев, охирин нафар аз 25 маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ, боздошт шудааст.

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, боздошти Аъзам Зиёев, маъруф бо лақаби “Аъзами Панҷара” ва охирин маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллиро таъйид кард.

Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Аъзам Зиёев дар зодгоҳаш -- ноҳияи Панҷ ва аз дохили қабристоне боздошт шудааст. Зиёеви 42-сола ба ҷурми ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, куштор, нигоҳ доштани аслиҳа, талош барои ғасби ҳукумат ва ҷиноёти дигар маҳкум ба зиндон шуда буд.

Мирзо Зиёев

Мирзо Зиёев

Аъзам Зиёев, бародари генерали маъруф Мирзо Зиёев, аз чеҳраҳои шинохташуда дар ҳалқаи размандаҳои пешини оппозистсиюни тоҷик ба шумор мерафт. Вай ҳанӯз аз оғози нооромиҳо ба Афғонистон рафта, ҳамроҳ бо бародараш Мирзо Зиёев дар ҷангҳои Тавилдара ширкат кардааст. Ҳамроҳони вай Аъзамро бо лақаби “Аъзами Панҷара” нидо мекардаанд.

Баъзе афроде ки Аъзам Зиёевро аз наздик мешиносанд, мегӯянд, ки азбаски дар солҳои нооромӣ дар Тавридара вай зиндонбони Мирзо Зиёев будааст, аз ин рӯ ӯро "Панҷара" лақаб гузоштаанд.

Аъзами Панҷара пас аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон се сол раиси ҷамоати Чилдараи ноҳии Тавилдара будааст. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ чанд корхонаи муштарак дар Тавлидара созмон додааст.

Пас аз куштори мармузи Мирзо Зиёев дар тобистони соли 2009 Аъзам Зиёев ҳамроҳ бо чандин нафар аз пайвандони генерал Зиёев дар Тавилдара боздошт ва зиндонӣ шуданд.



Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, маъмурони пулис ҳангоми боздошти Аъзам Зиёев аз ӯ як норинҷаки дастии РГД-5, як таппончаи тамғаи “Макаров”-ро бо 34 дона тир ва тирдон дарёфт кардаанд. Сухангӯи ВКД мегӯяд, бо ҳамин ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ, ки беш аз як сол идома дошту чанд маъмури пулис низ ҷони худро аз даст доданд, ба поён расидааст.

Шаби 22-юм ба 23-юми августи соли 2010 аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар маркази Душанбе фирори 25 маҳбус сурат гирифта буд, ки миёни онҳо панҷ шаҳрванди Русия, чор шаҳрванди Афғонистон, ду шаҳрванди Узбакистон ва 14 шаҳрванди Тоҷикистон буданд.





Аз ин 25 маҳбуси фирорӣ 8 нафари онҳо дар аснои амалиёти мухталиф ба қатл расида ва 17 тани дигар бо шумули Аъзам Зиёев боздошт шудаанд. Як идда аз ин маҳбусони фирорӣ дубора муҳокима ва ба зиндон афканда шуданд, ки дар миёни онҳо Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди Миллӣ низ ҳаст.

Ҳамчунин, мақомоти амниятии Афғонистон ҳафт тан аз маҳбусони фирориро дар қаламрави ин кишвар боздошт карданд, ки се тани онҳо шаҳрвандони худи Афғонистон буданд. Мақомоти Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба нерӯҳои амниятии ин кишвар таслим карда, вале аз додани шаҳрвандони худ, ки онҳо низ маҳбусони фирории боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ буданд, худдорӣ кардааст.

Фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба барканории раҳбар ва 3 муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ сабаб шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта дар пайи фирори 25 маҳбус генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимовро, ки раҳбари Кумитаи амнияти миллӣ буд, ҳамроҳ бо се муовинаш аз ин мақом барканор, вале муовини дигари ӯ Саймӯъмин Ятимовро раиси нави Кумитаи амнияти миллӣ таъйин кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG