Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лигаи кишварҳои араб ба Димишқ гӯшмол дод


Раҳпаймоиҳо дар Сурия идома доранд

Раҳпаймоиҳо дар Сурия идома доранд

Лигаи кишварҳои араб дар нишасте дар Қоҳира ширкати Сурия дар ҳама ҷаласаҳои ин созмон то замони аз сӯи Димишқ иҷро шудани созишҳои пешин оид ба хатми саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ дар кишвар мутавақиф кард.

Дар изҳороте, ки онро нахуствазири Қатар Ҳамад бини Ёсин ал-Тҳанӣ қироат кард, гуфта шудааст, тасмим аз рӯзи чаҳоршанбе ба ҳукми қонун ворид мешавад. Лигаи кишварҳои араб ҳамчунин аз сафирони кишварҳои арабӣ даъват намуд, ки Сурияро тарк кунанд.

Аз тасмими нишасти Қоҳира 18 кишвар пуштибонӣ карданд. Се кишвар – Лубнон, Яман ва Сурия алайҳи он раъй додаанд.
XS
SM
MD
LG