Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

27 кушта бар асари таркиш дар пойгоҳи низомии Эрон


Тамрини низомӣ дар Эрон
Тамрини низомӣ дар Эрон

Инфиҷор дар пойгоҳи сипоҳи посдорони инқилоби Эрон ҳаёти камаш 27 касро аз байн бурд

Телевизиони давлатии Эрон аз нақли сухангӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон-Рамазон Шариф овардааст, ки шумораи қурбониҳои инфиҷор дар пойгоҳи низомӣ ба 27 нафар расидааст. Ҳамин манбаъ гуфтааст, ки бар асари таркиш 16 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Таркиш рӯзи шанбе дар анбори аслиҳаи Бидгонаи канори шаҳри Малорд, воқеъ дар ғарби Теҳрон ба вуқӯъ пайвастааст.
Тибқи ахбори расида ҳамаи қурбониҳо аъзои Сипоҳи посдорон мебошанд.
Ҳамин гуна таркиш дар таърихи 12-уми октябри соли гузашта дар шаҳри Хуррамободи Эрон ба ба амал омада буд, ки бар асари он чанд тан куштаву чанд нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.
XS
SM
MD
LG