Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 27 нафар дар таркише дар Эрон


Бар асари таркиш дар як анбори силоҳ дар Эрон дасти кам 27 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳои эронӣ, таркиш дар атрофи шаҳри Караҷ, воқеъ дар ғарби Теҳрон рӯх додааст. Гуфта мешавад, ки ин анбор ба Сипоҳи посдорони инқилоб тааллуқ дорад.

Акси садои таркиш ҳатто то шаҳри Теҳрон расид, ки аз ҷойи ҳодиса тақрибан 45 километр дур аст. Як моҳ пеш ҳамин гуна таркиш дар анбори Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар шаҳри Хуррамобод ҳам рух дода буд. Дар он ҳадиса чанд кас ҷароҳат бардошта буданд.
XS
SM
MD
LG