Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин сафари хабарнигорон ба Фукушимо


Бори аввал баъд аз заминларза ва сунамии мудҳиши рӯзи 11 март дар Ҷопон хабарнигорон аз нерӯгоҳи ҳастаии Фукушимо дидан карданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, ҳадаф аз ин сафар – ором кардани ҷомеъа ва намоиши он аст, ки мақомот барои ислоҳи вазъ аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегиранд. Беш аз 30 хабарнигор, аз ҷумла, се хабарнигори хориҷӣ либосҳои махсус ба тан карда, аз канори реакторҳои харобшудаи нерӯгоҳ гузаштанд.

Дар сӯҳбат бо онҳо масъулини нерӯгоҳ гуфтанд, ки то охири сол сардсозии реакторҳо, ки боиси ихроҷи радиатсия шуда буд, хатм мешавад.

Садама дар Фукушимо бузургтарин баъд аз садама дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG