Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни заминларзаи се рӯзи пеш дар шарқи Туркия ба 26 нафар расид.

Имрӯз наҷотбахшон аз зери харобаҳои як меҳмонсарои тахрибшудаи шаҳри Ван тани беҷони хабарнигори оҷонси “Доган”-ро берун карданд. Аз ин пеш ҷасади як ҳамкори дигари ӯ ошкор шуда буд. Ҳарду хабарнигор дар феҳристи афроди ғайбзада шомил буданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, миёни қурбониёни офати табиӣ кормандони созмонҳои хайрия низ ҳастанд, ки барои кӯмак ба мардуми аз заминларзаи мудҳиши се ҳафтаи пеш осебдида омада буданд. Дар он ҳодиса, ки рӯзи 23 октябр рӯх дод, тақрибан 600 нафар ҷон бохтанд.

Мақомоти шаҳри Ван хабар доданд, ки дар заминларзаи ахир беш аз 20 бино, аз ҷумла, ду меҳмонсаро ба замин фурӯ рехтаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG