Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллатгароҳои рус дар назди сафорати Тоҷикистон ҷамъ меоянд


Имрӯз афроди алоҳида дар канори бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо талаби раҳоии халабони рус Владимир Садовничий пикетҳо ташкил карданд.

Дар ин бора Сулаймон Рашидов, мушовири сафорати Тоҷикистон хабар дод ва афзуд, ки қарор аст гирдиҳамоии гурӯҳҳои миллатгаро ва созмони ҷавони «Молодая гвардия» дар назди сафорат рӯзи душанбе баргузор шавад.

Ҳамзамон кормандони полис ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Тоҷикистонро идома медиҳанд.

Хабаргузории «Интерфакс» бо такя ба хадамоти муҳоҷиртаи Русия иттилоъ дод, ки аллакай 297 муҳоҷири тоҷик дар марказҳои муваққатӣ ҷой дода шудаанд ва ба зудӣ аз Русия ихроҷ мешаванд.

Амалиёти боздошти муҳоҷирон баъди он шурӯъ шуд, ки рӯзи сешанбе додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати Ролкан инвестмент ЛТД - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро барои қочоқ ва марзшиканӣ барои ҳашту ним солӣ маҳкум ба зиндон кард.

Ин ҳукм боиси хашму ғазаби Маскав шудааст, ки онро ноодилона ва дорои ангезаи сиёсӣ мехонад. Ва аммо Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, ки ин ҳодиса як ҷинояти муқаррарӣ аст ҳукми додгоҳ ягон паҳлӯи сиёсӣ надорад. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон ӯ афзуд, ҷурми халабонҳо дар убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз пурра тайид шудааст.
XS
SM
MD
LG