Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шаҳри Тарази Қазоқистон таркиш рӯх дод


Дар канори бинои ҳукумати шаҳри Тараз, воқеъ дар ҷануби Қазоқистон, таркиш ба вуқӯъ пайваст.

Ба иттилоъе бархе манбаъҳо, дар ин ҳодиса чанд кас куштаву маҷрӯҳ шудаанд. Ҷойи ҳодиса аз сӯи кормандони милиса муҳосира шудааст, аз субҳ дар фазои шаҳр чархболҳои низомӣ парвоз мекунанд.

Тафсилоти бештар дар бораи таркиш ҳанӯз зери даст нест.
XS
SM
MD
LG