Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони таъсиси Ҷабҳаи миллӣ дар Афғонистон


Ҷабҳаи миллии Афғонистон рӯзи ҷумъа дар Кобул тайи гирдиҳамоие бо иштироки садҳо тан мавҷудияташро эълон намуд.

Ин ҷабҳа мегӯяд, хоҳони ваҳдати миллӣ ва як низоми сиёсии муназзам дар Афғонистон аст.

Аъзои Ҷабҳаи миллии Афғонистон мегӯянд, ки ҳадафи онҳо аз эҷоди ин ҷабҳаи сиёсии васеъ, эҷоди ваҳдат миллӣ, демократия, таҳкими қонун, ислоҳоти бунёдӣ, рушд ва инкишофи ниҳодҳои миллӣ ва ҳузури муассир ва мусбати ҷомеаи байналмилалӣ дар Афғонистон аст.

Аҳмад Зиё Масъуд, муовини пешини раёсати ҷумҳури Афғонистон, ки рӯзи ҷумъа дар нишасти ифтитоҳии Ҷабҳаи миллии Афғонист дар Кобул сӯҳбат мекард, гуфтааст: «Афғонистон дар ҳоли ҳозир ба ончӣ ниёз дорад, ваҳдати миллӣ аст.»

Ба гуфтаи вай, ваҳдати миллӣ метавонад заминаро барои таъмини амният ва субот ва якпорчагӣ дар Афғонистон фароҳам кунад.

Дар айни ҳол шуморе аз коршиносони сиёсӣ ташкили аҳзобро гоме ба сӯи демократӣ шудан мехонанд, аммо айни ҳол аз набуди як ҳизби сартосарӣ ва миллӣ, ки битавонад теъдоди зиёди мардумро ба даври худ ҷамъ бикунад, изҳорӣ нигаронӣ мекунанд.

Ҷабҳаи миллии Афғонистон ҳамчунон аз ташкили Луи Ҷиргаи анъанавӣ иброзӣ норизоятӣ карда онро нақзи рӯҳияи парлумон хонда ва иштирок накарданашонро дар ин ҷирга эълон намуданд.

Қарор аст Луи Ҷиргаи анъанавӣ дар нимаи дуввуми моҳи ноябр дар Кобул баргузор гардад.

Масъулини Комиссияи баргузории ин ҷирга мегӯянд, дар ин ҷирга ҳудуди ду ҳазор тан аз манотиқи мухталифи Афғонистон иштирок хоҳанд кард ва ин ҷирга танҳо ҷанбаи машваратӣ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG