Пайвандҳои дастрасӣ

Сенати Италия нақшаи ислоҳоти молиро ба тасвиб расонд


Сенати Италия

Сенати Италия

Рӯзи ҷумъа Сенати Италия як силсила ислоҳоти калидии иқтисодиро барои пешгирӣ аз муфлисӣ ба тасвиб расонд. Ин дар ҳолест, ки хатари доманаи бӯҳрони қарзи Аврупо бештар мешавад. Ба ин силсилаи ислоҳот фурӯши баъзе дороиҳои давлатӣ низ дохил мешавад. Ҳоло ин нақшаҳои ислоҳот ба маҷлиси поёнии порламон фиристода мешавад ва интизор меравад, ки он рӯзи шанбе ё якшанбе ба таври ниҳоӣ ба тасвиб расад. Тасвиби ниҳоии ин ислоҳот ба маънии истеъфои нахуствазир Силвио Берлусконӣ хоҳад буд, зеро вай тасвиби ин ислоҳотро шарти истеъфои худ эълон карда буд.
XS
SM
MD
LG