Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳ ба соҳибони парвандаи ҳодисаҳои Рашт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Додгоҳи низомии Тоҷикистон 28 тан сокинони Раштро барои ҳамкорӣ бо нерӯҳои мухолифи давлат равонаи зиндон кард. Аз ҷумла 7 нафарро зиндони якумрӣ ва боқимондаҳо аз 2 то 30 соли зиндон маҳкум шудаанд. Дар ин миён Музафар Давлатов, падари Аловиддин Давлатов мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ки 76 сол дорад, ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст. Шаҳодат Давлатова духтари Музаффар Давлатов ҳукми падарашро ғайриодилона медонад:

«Адвокат мегӯяд, ки гуноҳи падарат дар додгоҳ собит нашуд. Бо вуҷуди ин ҳукм содир шуд. Падари мо муносиби зиндон ва ин қадар ҷазои сангин набуд».

Урунбой Бобошарофов, вакили мудофеи Музаффар Давлатов мегӯяд , ки ҷурми Музаффар Давлатов собит нашудааст ва ӯ қасд дорад ба ниҳодҳои болоии додгоҳи олӣ шикоят барад.
XS
SM
MD
LG