Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Панетта: Ҳамла ба Эрон пайомадҳои ғайриқобили пешбинӣ хоҳад дошт


Леон Панетта-вазири дифои Амрико

Леон Панетта-вазири дифои Амрико

Леон Панетта-вазири дифои Амрико гуфтааст, амалиёти низомӣ бар зидди таъсисоти ҳастаии Эрон метавонад “пайомадҳои ғайриқобили пешбинӣ” дар пай дошта бошад. Дар посух ба суоле дар бораи тавонмандиҳои ҳастаии Эрон оқои Панетта гуфт, Амрико ба таври возеҳ изҳор доштааст, ки “афзоиши тавонмандии ҳастаӣ барои Эрон ғайриқобили қабул аст”. Вале вазири дифои Амрико гуфтааст, ҳамаи пайомадҳои ҳамлаи низомӣ ба Эрон бояд бодиққат санҷида шавад.

“Ҳар кас бояд мувозиби пайомадҳои ғайриқобили пешбинии он бошад. Ин пайомадҳо метавонад на танҳо Эронро аз он чӣ мехоҳад воқеан боздорад, балки муҳимтар он аст, ки метавонад ба минтақа ва ба нируҳои Амрико дар минтақа таъсири ҷиддӣ гузорад”.

Оқои Панетта ин суханонро рӯзи ҷумъа баъд аз чанд соати изҳороти оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ ба забон овард. Хоманеӣ гуфт, ҳар гуна ҳамлаи низомии Амрико ё Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эрон “бо мушти оҳанин” рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG