Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти дафтари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав


Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз расонаҳои хабарӣ хостааст, ки дар бораи вазъи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия хабару тафсирҳои барангезанда ба нашр нарасонанд. Ба навиштаи сафҳаи интернетии ин намояндагӣ, баъзе расонаҳо барои боло бурдани эътбори худ ва бештар кардани шумораи хонандагонашон вазъро бештар аз воқеияти ҳол нишон медиҳанд. Аммо чунин равиш бар зарари муҳоҷирони кории тоҷик тамом мешавад ва дар миёни онҳо, дар хонаводаҳояшон нигарониҳоро бештар мекунад. Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия навиштааст, ки ин намояндагӣ бо мақомоти зидахли Русия ҳамеша дар тамос аст ва масоили пешомадаро бо онҳо баррасӣ ва ҳал мекунад.
XS
SM
MD
LG