Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии Тоҷикистону Ҷопон бо ҳисоби 0 бар 4 ба поён расид


Бозии ҷавобии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Ҷопон бо ҳисоби 0 бар 4 ба нафъи Ҷопон ба поён расид. Як тӯб дар қисми аввал ва се тӯби дигарро варзишгарони ҷопонӣ дар қисми дуввуми бозӣ вориди дарвозаи дастаи футболи Тоҷикистон карданд. Дар бозии аввал, ки дар Ҷопон баргузор шуда буд, дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 8 бар 0 мағлуб шуда буд. Ин бозиҳои интихобӣ барои роҳ ёфтан ба бозиҳои ниҳоии қаҳрамони ҷаҳон сурат мегирад. Бозиҳои ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон соли 2014 дар Бразилия баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG