Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бозии футболи Тоҷикистону Ҷопон ҳисоб 0 бар 2 шуд


Дар ин лаҳзаҳо бозии ҷавобии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Ҷопон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе идома дорад. Дар дақиқаи 40 қисми аввали бозӣ дастаи Ҷопон ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон як тӯб зад. Бо ин ҳисоб дастаҳо ба танаффус рафтанд. Дар оғози қисми дуввум ҷопониҳо боз як тӯби дигар ба дарвозаи дасти Тоҷикистон заданд ва ҳоло ҳисоб 0 бар 2 аст. Дар бозии аввал, ки дар Ҷопон баргузор шуда буд, дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 8 бар 0 мағлуб шуда буд.
XS
SM
MD
LG