Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷикро аз Русия хориҷ мекунанд


Мақомоти Русия мегӯянд, ки онҳо тақрибан 100 нафар муҳоҷирони кории ғайриқонунии Тоҷикистонро аз Русия ихроҷ мекунанд. Хабаргузории Интерфакс аз қавли Хадамоти муҳоҷирати Русия гуфтааст, истирдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар рӯзҳои наздик сурат мегирад. Ба гуфтаи Хадамоти муҳоҷирати Русия, ҳар сол ҳудуди 700 000 нафар аз Тоҷикистон барои кор ба Русия меоянд. Шаҳрвандони Тоҷикистон барои вуруд ва иқомати худ дар Русия ба раводид ниёз надоранд, вале бояд муҷаввизи корӣ ё иҷозаи кор дошта бошанд. Ононе, ки аз Русия хориҷ мешаванд, 5 сол ҳақи вуруд ба Русияро надоранд.
XS
SM
MD
LG