Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенкоро боз бо гуноҳи дигаре муттаҳам карданд


Юлия Тимошенко дар зиндон
Юлия Тимошенко дар зиндон
Кормандони молиёти Украина Юлия Тимошенко-нахуствазири пешинро, ки барои сӯистифода аз мақом ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст, барои пардохт накардани молиёт, дуздӣ ва пинҳон доштани даромад аз даромади пулҳои хориҷиаш муттаҳам кардааст. Идораи давлатии молиёти Украина дар изҳороте, ки имрӯз ба нашр расондааст, мегӯяд, ки Тимошенко барои фаъолияташ дар мақоми раиси Ширкати ягонаи энержии Украина муттаҳам шудааст. Вай ин мақомро солҳои 1990-ӯм бар ӯҳда дошт. Тимошенко, ки ҳоло дар зиндон ба сар мебарад, ҳамаи ин иттиҳомотро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG