Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модару духтарро дар Ғазнӣ барои "зино" ба қатл расонданд


Полиси Афғонистон мегӯяд, дар Ғазнӣ мардони мусаллаҳ ба хонае даромаданд ва як модару духтари вайро барои ба истилоҳ “рафтори ғайришаръӣ ё зино” ба қатл расондаанд. Зилавар Зоҳид-раиси полиси вилояти Ғазнӣ гуфт, ду марди мусаллаҳ дар шаҳри Ғазнӣ ба хонаи модару духтар ҳамла бурдаанд ва онҳоро ҳадафи тир қарор додаанд. Зоҳид хабарҳои матбуотиро дар бораи сангсор кардани занҳо рад кардааст. Ҳамсояҳо ва намояндагони расмӣ, ки аз бурдани номашон худдорӣ кардаанд, Толибонро барои ин кор муттаҳам медонанд, зеро онҳо ин ду нафарро барои “беномусӣ ва зино” айбдор мекарданд.
XS
SM
MD
LG