Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Италия тадбирҳои пешгирӣ аз бӯҳронро баррасӣ мекунад


Имрӯз намояндагони порламони Италия роҷеъ ба як силсила нақшаҳои наҷоти молӣ рай медиҳанд. Ҳадаф аз он пешгирӣ аз муфлисӣ арзёбӣ мешавад, зеро хатари бӯҳрони қарз шадидтар мешавад. Сенаторҳои Италия як силсила асноди марбут ба ислоҳотро баррасӣ мекунанд. Фурӯши баъзе аз дороиҳои давлатӣ низ ба ин тадобир шомил мешавад. Баъд аз баррасӣ ин аснод барои тасвиб ба маҷлиси поёнии порламон фиристода мешавад. Иҷлоси маҷлиси поёнии порламон 12 ё 13 ноябр баргузор мешавад. Эҳтимол меравад, ки Марио Монте-комисари пешини Иттиҳодияи Аврупо ба ҷои нахуствазир Силвио Берлусконӣ интихоб шавад. Вай дар Рум дар иҷлоси Сенат ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG