Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

HRW режими Сурияро ба одамкушӣ муттаҳам кард


Рӯзи ҷумъа як гурӯҳи байналмиллалии ҳуқуқи башар нируҳои ҳукуматии Сурияро барои “судури ҷиноят бар зидди башарият” дар вилояти ноороми Ҳомс муттаҳам кард. Дар гузориши 63 сафаии худ Ҳюмен Райтс Вотч ё Дидбони Ҳуқуқи Башар навиштааст, ки нируҳои амниятии Сурия аз миёнаи моҳи апрел то поёни август дар Ҳомс дастикам 587 нафарро куштаанд. Дар ин вилоят бештар аз ҳар вилояти дигар куштор сурат гирифтааст. Ин гузориш дар остонаи ҷаласаи изтирории рӯзи шанбеи кишварҳои Ҷомеаи Араб роҷеъ ба бӯҳрони Сурия ба нашр расидааст. Ҳюмен Райтс Вотч аз Ҷомеаи Араб хостааст, ки узвияти Сурия дар ин созмонро боздоранд. Ҳюмен Райтс Вотч аз Ҷомеаи Араб ҳамчунин хостааст, ки аз Шӯрои Амнияти СММ таҳрими аслиҳа ва таҳрим бар зидди аъзои режими президент Башор Асадро пешниҳод кунад.
XS
SM
MD
LG