Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи “ҳамвазни Русия” ё иғво?


Русия мегӯяд, гузоришҳо доир ба эҷоди мушкилот барои муҳоҷирони кории тоҷик дар он кишвар воқеъият надоранд ва ба хотири иғвоангезӣ нашр мешаванд.

Матбуоти Русия, ки масъалаи муҳоҷирати корӣ яке аз мавзӯъи аслии он буд, аз қавли созмонҳо ва иттиҳодияҳои муҳоҷирон навишт, ки дархости иҷозаи кори баъзе аз муҳоҷирони кории тоҷикро дар Хадамоти федеролии муҳоҷират рад мекунанд.

"ТОҶИКҲОРО БИКӮБ"!!!

Аз ҷумла аз қавли Каромат Шарифов, раиси Ҳаракати умумирусиягии муҳоҷирони тоҷик навиштаанд, ки баъзе аз муҳоҷирон доир ба вуҷуди ин мушкил шикоят кардаанд.

Иззат Амон
Иззат Амон
Иззат Амон, раиси Федератсиюни Муҳоҷирони Русия низ гуфтааст, ӯ низ аз вуҷуди чунин мушкилӣ бо муҳоҷирони кории тоҷик огаҳ шудааст, вале то кунун барои рӯшанӣ андохтан ба қазия ба мақомоти расмӣ муроҷиат накардааст.

Аммо Залина Корлина, сухангӯи Хадамоти Федеролии Русия гуфтааст, «ҳар каси бекору коргар ба додани чунин баёнияҳо шурӯъ кардааст», ки ба гуфтаи ӯ як навъ «иғвоангезона» аст. Вале айни замон аз қавли созмонҳои ҷамъиятии Русия аз ҷумла «Русияи дурахшон» навиштаанд, ки дар шаҳри Маскав гурӯҳе аз муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷику қирғизро дастгир кардаанд ва масъалаи рондани онҳо аз қаламрави Русия баррасӣ мешавад. Рӯзномаи “Московский Комсомолетс” аз боздошти 50 муҳоҷири тоҷик дар дили Маскав гузориш дода ва гуфтааст, “зоҳиран дар Русия идеяи нави миллӣ, яъне “Тоҷикҳоро бикӯб” пайдо кардаанд.

САХТГИРӢ БО МУҲОҶИРОНИ КОРӢ

Расонаҳои Русия, аз ҷумла телевизионҳои саросарии Русия, ки дар онҳо инъикоси сафару гуфтӯгуҳои раҳбарони кишвараш одат шудааст, дирӯз ғайриинтизор ба инъикоси масъалаи муҳоҷират ба Русия пардохтанд.

Худи Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳур низ бо Константин Ромадановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия доир ба қабули мутахассисони соҳибтаҷрибаи хориҷӣ сӯҳбат кард ва бо ташвиқи Константин Ромадановский барои қабули чунин муҳоҷирон ҳамзамон аз ӯ хост, дар қабули «коргарони дигар арсаҳо», ки зоҳиран манзур кормандони беихтисос аст, сахтгир бошад: «Дар робита ба кормандони дигар соҳаҳо, агарчӣ мо ба онҳо ниёз дорем, вале меъёрҳои қабули онҳо бояд дигар бошад. Хадамоти шумо бояд дар қабули онҳо меъёрҳои сахт муқаррар кунад.”

"ПОСУХИ ҲАМВАЗН"-И РУСИЯ ЧӢ ХОҲАД БУД?

Дмитрий Медведев пештар гуфта буд, посухи расмии Тоҷикистон доир ба сарнавишти халабонҳои русро интизор хоҳанд шуд ва баъдан тасмим хоҳанд гирифт, ки тасмимҳо метавонанд ҳамвазн бо ҳукми додгоҳ бошад ё бештар аз он.

Баъди мулоқот бо Дмитрий Медведев, Константин Ромадановский дар сӯҳбат бо хабарнигорон, муҳоҷирони тоҷикро ба истилоҳ дар қонуншиканиҳо дар Русия пешсаф хонд. Ӯ гуфт, агарчӣ мавориди қонуншиканиҳо аз тарафи шаҳрвандони Ӯзбакистон бештар аст, аммо бо назардошти таносуби аҳолии Тоҷикистону Ӯзбакистон, муҳоҷирони кории тоҷик дар қонуншиканӣ мақоми аввалро мегиранд. Давлати Русия, ки аз зиндонӣ шудани ду халабони рус дар Тоҷикистон ба хашм омадааст, ваъда дода буд, ки дар сурати бознигарӣ нашудани ин ҳукм, ба Тоҷикистон посухи ҳамвазн хоҳад дод.

Аз онки Русия кишвари аслии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон ва мизбони бештар аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик аст, вакилони рус ва теъдоде аз созмонҳои ҷамъиятии Русия хостаанд, то дигар тоҷиконро ба кишварашон роҳ надиҳанд ва бо Тоҷикистон низоми раводид ба роҳ монанд. Русия дар соли 2008 баъди як ҷанҷоли сахт бо Гурҷистон маъракаи азими ихроҷи муҳоҷирони гурҷӣ аз Русияро шурӯъ кард ва башиддат аз тарафи ҳомиёни ҳуқуқ интиқод шуд.
XS
SM
MD
LG