Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо аз эҷоди мушкилот барои муҳоҷирони тоҷик


Бино ба гузоришҳо, муҳоҷирони кории тоҷик дар гирифтани иҷозаи кор дар Русия ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Иддае аз созмонҳо ва иттиҳодияҳои муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, маъмурони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия бо баҳонаҳои гуногун аз додани муҷавизи кор ба шаҳрвандони Тоҷикистон худдорӣ мекунанд. Муҳаммад Амин, раиси Иттиҳодияи Муҳоҷирони Русия вуҷуди ин мушкилро зимни мусоҳиба бо хабаргузории “Интерфакс” таъйид кардааст. Каромат Шарипов, раҳбари Ҳаракати Муҳоҷирони Тоҷик дар Русия ҳам гуфтааст, баъзе муҳоҷирон шикоят кардаанд, ки муроҷиатҳояшон барои дарёфти иҷозаи кор рад шудааст. Залина Корнилова, сухангӯи Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, ин гуфтаҳоро “иғво” хондааст. Русия, ки мизбони бештар аз як миллион нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик аст, баъди зиндони шудани ду халабони рус дар Тоҷикистон қавл дод, ки дар сурати бознигарӣ нашудани ҳукми онҳо ба Тоҷикистон "посухи муносиб" хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG