Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Амрико барои такон додан ба иқтисоди ҷаҳонӣ


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз раҳбарони Аврупо ва Осиё даъват кард, барои эҳёи рушди саросарии иқтисодӣ ва монеъ шудан ба амиқрафти бӯҳрони қарзии Аврупо ҷидду ҷаҳди бештар кунанд. Тим Гейтнер, вазири молияи Амрико гуфт, барои ин Аврупо бояд “барномаи қавие” таҳия кунад, вале кишварҳои Осиёву Уқёнусия ҳоло дар мавқеъи беҳтаре ҳастанд, ки барои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ тадбир биандешанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар сӯҳбати телефоние бо Ҷорҷ Наполитано, раиси ҷумҳури Итолиё, гуфтааст, мутмаин аст, ки дар кишвар баъди истеъфои ногузири нахуствазир Силвио Берлусконӣ ҳукумати муваққат ташкил шуда ва барномаи ислоҳоти иқтисодиро амалӣ мекунад. Рӯзи панҷшанбе Кумиссиёни Аврупо гуфт, дурнамои иқтисоди Итолиё нодуруст будааст ва амиқрафти бӯҳрони қарзии он то чанд моҳи дигар, метавонад, кишварҳои ҳавзаи евроро соли оянда ба рукуди иқтисодӣ дучор кунад.
XS
SM
MD
LG