Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Леон Паннета аз паёмадҳои ҳамла ба Эрон


Леон Паннета, вазири дифоъи Амрико аз хатари ҳаргуна ҳамлаи низомӣ ба Эрон ҳушдор дод ва гуфт, чунин ҳамла, бо онки барномаҳои атомии Эронро қатъ нахоҳад кард, “таъсири ҷиддие” дар минтақа хоҳад гузошт. Леон Паннета дар ин бора дар шаҳри Вашингтон сухан гуфт ва афзуд, чунин ҳамла метавонад “паёмадҳои нохоста” дошта бошад. Дирӯз Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами Эрон гуфт, кишвараш ба ҳаргуна ҳамлаи Амрико ва Исроил барои маҳви таъсисоти атомии Эрон бо “мушти пӯлодин” посух хоҳад дод. Аввали ин ҳафта Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ бо нашри гузорише гуфт, Эрон сари сохти силоҳҳои атомӣ кор мекунад. Давлати Эрон мегӯяд, ҳадафи барномаҳои атомиаш сулҳомез аст. Пеш аз нашри гузориши Оҷонси Созмони Милал, Шимон Перес, раиси ҷумҳури Исроил гуфта буд, ки “эҳтимоли ҳамла ба Эрон бештару бештар мешавад.”
XS
SM
MD
LG