Пайвандҳои дастрасӣ

Муаррифии номзад ба мақоми нахуствазири Юнон


Лукас Пападемос, муовини собиқи раиси Бонки Марказии Аврупо номзад ба мақоми нахуствазири нави Юнон муаррифӣ шуд ва дар ин мақом, Ҷорҷ Папандреуи сотсиалистро иваз хоҳад кард. Баъди музокироти чаҳоррӯза ва наздиктар шудани Юнон ба вартаи варшикастагӣ, раҳбарони сиёсӣ бар сари интихоби нахуствазири нав ба мувофиқа расиданд. Ҳукумати муваққатӣ ба раҳбарии Лукас Пападемос бояд барномаи наҷоти молии Юнон аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пулро амалӣ кунад. Бар асоси ин барнома, Юнон дар ивази ислоҳоти дардноки иқтисодӣ 130 миллиард евро кӯмак хоҳад гирифт. Дар нахустин баёния Лукас Пападемос гуфт, узвияти Юнон дар ҳавзаи евро замонати суботи молӣ аст. Дар сурати дарёфт накардани кӯмаки молӣ то чанд ҳафтаи дигар, Юнон варшикаста мешуд ва бояд ҳавзаи евроро ҳам тарк мекард.
XS
SM
MD
LG