Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷазо ба сардори пулис барои фирори муовинаш


Сардори раёсати ноҳиявии пулис дар шаҳри Ереван пойтахти Арманистонро барои нопадид шудани муовинаш, ки ба ришвахорӣ муттаҳам мешуд, аз кор рондаанд. Ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ, афсари пулис Меҳрон Кешишиён баъди эъломи иттиҳоми талаби 13 ҳазор доллар ришва дар ивази қатъи парвандаи ҷиноӣ ғайб задааст. Нерсис Назариён, сардори раёсати пулиси шаҳри Ереван гуфтааст, ҳар як раҳбар масъули рафтори тобеъонаш ҳаст ва аз афсари пулиси фирорӣ хостааст, таслим шавад. Ба гуфтаи пулиси Арманистон Меҳрон Кешишиён дар ивази 13 ҳазор доллар мехостааст, ба як парвандаи ҷиноии вобаста ба қочоқи маводи мухаддир хотима диҳад.
XS
SM
MD
LG