Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалқаи баҳсбарангези сабзи атрофи Бағдод


Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ироқ мегӯяд, дар иҷро нашудани тарҳи кашидани ҳалқаи сабз дар атрофи Бағдод, мақомоти ин шаҳр гунаҳкоранд. Ду сол пеш дар атрофи Бағдод ба ниҳолшинонӣ шурӯъ карданд, то гарду ғубори тӯфонҳои биёбонӣ камтар шавад, аммо ба гуфтаи мақомоти вазорати ҳифзи муҳити зист, вазъ тағйири чандоне накардааст. Ба гузориши бахши ироқии Радиои Озодӣ, барои иҷрои тарҳи мазкур ва шинонидани дарахтони нахл дар атрофи Бағдод 170 миллион доллар харҷ шудааст, аммо нахлҳои киштшуда ё хушк шудаанд ва ё насабзидаанд. Тӯфонҳои биёбонӣ бисёр вақт шаҳри Бағдодро ба зери гарду ғубор карда, монеъи парвози ҳавопаймоҳо мешаванд ва вазъи сиҳатии афроди мубталои бемориҳои роҳҳои танаффусро бад мекунанд.
XS
SM
MD
LG