Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокироти муфиди нахуствазирони Ҳиндустону Покистон


Нахуствазирони Ҳиндустону Покистон дар долонҳои нишасти сарони кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, ки дар ҷазираҳои Молдив мегузарад, музокирот анҷом доданд. Манмоҳан Сингҳ ва Юсуф Ризо Гелонӣ масоили амниятӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд.

Моҳҳои ахир мулоқотҳо миёни раҳбарони сатҳи олии Ҳиндустону Покистон афзоиш ёфтаанд. Манмоҳан Сингҳ баъд аз музокирот бо ҳамтои покистонияш иқрор кард, ки қаблан онҳо бо танишҳои лафзӣ вақти зиёдеро бар ҳадар медоданд. Юсуф Ризо Гелонӣ ҳам аз радду бадалҳои озод бо нахуствазири Ҳиндустон изҳори хушнудӣ кард.Ҳарду нахуствазир музокиротро муҳим ва муфид арзёбӣ намуданд.

Ҳиндустону Покистон дар мавриди қазияи минтақаи баҳсбарангези Кашмир, мубориза бо ифротгароӣ дар манотиқи ҳаммарз ва нуфуз болои Афғонистон ихтилофи назар доранд.
XS
SM
MD
LG