Пайвандҳои дастрасӣ

Лутфия дар Екатеринбург аз баҳри ду фарзандаш баромад


Латиф, писари чаҳорсолаи Лутфия Халилова

Латиф, писари чаҳорсолаи Лутфия Халилова

Шоми 7 ноябр дар Екатеринбург зане бо номи Лутфия Халилова - шаҳрванди Тоҷикистон ду кӯдаки хурдсоли худро дар мағозаи “Пикник” гузошта ва худ аз ин фурӯшгоҳ ғайб задааст.

Яке аз кӯдакон чаҳорсола бо номи Латиф ва дигарӣ бо номи Дилдора кӯдаки навзоди 9-моҳа будааст.

Модар ба дасти ин кӯдакон навиштаҷотеро додааст, то ҳангоми
гирифтани кӯдакон пулис онро бихонад. Модар ба забони русӣ навиштааст ва мо баргардони онро ба тоҷикӣ меорем: “Милитсияи мӯҳтарам, ман модари ин кӯдаконам. Се фарзанд дорам. Натавонистам онҳоро зери ғамхории худ бигирам. То пайдо шудани падарашон кӯдакони маро нигаҳбонӣ кунед.”

Дар зери нома номи кӯдакон ва номи падари онҳо низ навишта шудааст. Пулиси шаҳри Екатеринбург гуфтааст, бо кӯмаки ҷамъияти тоҷикони шаҳр аввал хешовандон, сипас, худи ин занро пайдо кардаанд. Раҳбари ҷамъияти тоҷикони минтақа Фаррух Мирзоев дар ин бора чунин мегӯяд:
Фаррух Мирзоев-раҳбари ҷамъияти тоҷикон дар Екатеринбург

Фаррух Мирзоев-раҳбари ҷамъияти тоҷикон дар Екатеринбург

“Кӯшиш кардем, ки бо кормандони сохторҳои интизомӣ ин занро ёбем. Вале кормандони сохторҳои интизомӣ худашон ӯро аз як хонаи тобистонаи назди шаҳр ёфтаанд. Ин зан мегӯяд, имконияти ин кӯдаконро хӯронидану пӯшондан ва ба воя расондан надошт ва падари онҳо ба Тоҷикистон фирор кардааст. Мо ҳоло саъю кӯшиш дорем, ки падари онҳо ва хешу табори онҳоро ёфта ба ин шахсон кӯмаки худро расонем. Дар корхонаҳои маъмурӣ, яъне дар вазорати корҳои дохилӣ ба мо мегӯянд, ки ҳуқуқи ба мо додани ин кӯдаконро надоранд, чунки мо яз ягон тараф бо ин кӯдакон хешу таборӣ надорем ва аз рӯи қонунҳои Русия мо ҳуқуқи зери назорат гирифтани онҳоро надорем.”

ВОЛИДАЙНРО АЗ ҲАҚИ ПАДАРУ МОДАРӢ МАҲРУМ МЕКУНАНД?

Радиои Озодӣ: Оқои Мирзоев, ҳоло ин кӯдакон дар куҷо ҳастанд ва ин кӯдаконро кӣ нигоҳбонӣ мекунад?

Фаррух Мирзоев: "Ҳоло ин кӯдакон дар бемористони кӯдаконаи рақами 5-и шаҳри Екатеринбург ҳастанд ва зери назорати духтурон қарор доранд. Онҳо кӯшиш доранд, ки ин кӯдаконро дар ҳамин бемористон нигоҳ доранд. Вале Латиф - фарзанди чаҳорсоларо то пайдо шудани падару модараш ва баромадани ҳукми додгоҳ дар яке аз парваришгоҳҳои кӯдакона ин фарзандонро нигоҳ доранд."

Радиои Озодӣ: Оё модари онҳоро дар ҳамон хонаи тобистонае, ки гуфтед, пайдо карданд?
... онҳоро дар ин ҷо аз рӯи қонунҳои Русия аз падару модарашон мегиранд, чунки падару модар нисбат ба фарзандонашон беаҳмиятӣ доранд...

Фаррух Мирзоев: "Бале, модари онҳоро пайдо карданд. Мо ҳар қадар кӯшиш кардем, то бо ин зан вохӯрем, аммо натиҷа надод. Ба бемористон рафтем, ба воситаи корхонаҳои маъмурӣ ва рӯзноманигорон хостем, ки бо ин зан вохӯрем, то ки ба он кас ёрдам кунем, вале зан худаш пинҳон мешавад ва намехоҳад, ки бо мо дар тамос шавад. Шояд вай аз ягон чиз метарсад. Лекин мо кӯшиш мекунем, ки ин занро ёбем. Мо саъй мекунем, ки падари ин кӯдаконро низ ёбем ва ба онҳо кӯмак кунем. Агар хоҳиш дошта бошанд, ин фарзандонро ба Тоҷикистон равон кунем, чунки онҳоро дар ин ҷо аз рӯи қонунҳои Русия аз падару модарашон мегиранд, чунки падару модар нисбат ба фарзандонашон беаҳмиятӣ доранд."

ЗАН АЗ МУЛОҚОТ БО ҲАМВАТАНОН МЕҲАРОСАД

Радиои Озодӣ: Оё модари ин кӯдакон телефон дорад, ки мо ҳам тамос бигирем ва бо ӯ сӯҳбат кунем?

Фаррух Мирзоев: "Ин занро мо ягон хел ёфта натавонистем. Ба гумони ман, албатта 100 фоиз нест, ин зан мумкин аст аз мардуми лулӣ бошад."

Радиои Озодӣ: Шояд вай фикр мекунад, ки дар сурати додани шумораи телефон онҳоро аз Русия ихроҷ мекунанд, чун онҳо дар Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекунанд?

Фаррух Мирзоев: "Касе ҳуқуқи аз Русия берун кардани онҳоро
надорад, чунки яке аз фарзандони онҳо ба фикри ман дар Русия таваллуд шудааст ва аз рӯи қонунҳои Русия он шахсе, ки дар Русия таваллуд шудааст, падару модари вай ва худи вайро ҳаққи аз ҳудуди ин кишвар берун кардан надоранд. Албатта, бо модари онҳо баъд аз ёфт шудан корхонаҳои маъмурӣ сару кор доранд. Идораҳои маъмурӣ онҳоро ҳаққи ҳабс ё берун кардан аз ҳудуди Русия надоранд."

Радиои Озодӣ: Оё ҳамин гуна намунаҳо дар вилояти Свердлов ва ё дар шаҳри Екатеринбург дар гузашта ҳам мушоҳида шуда буд?

Фаррух Мирзоев: "Шукри Худованд ягон бор мушоҳида нашуда буд ва мо намегузорем, ки шаҳрвандони мо ба ин хорӣ расанд. Вале афсӯс, ки ин нахустин бор рӯй додааст ва умедворем, ки дигар рӯй надиҳад. Мо ба ин хонавода ёрӣ мекунем."

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG