Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҷангиён ба бинои ҳукумати Пактико


Дар як ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба маҷмааи бинои ҳукумат дар вилояти Пактикои Афғонистон дасти кам се корманди полиси афғон ба ҳалокат расиданд.

Рӯҳуллоҳ Самун, сухангӯи волии Пактико, хабар дод, ки дасти кам панҷ маргталаб ба бино ҳамла карданд. Се нафари онҳо худро дар назди дарвоза инфиҷор карданд, ду тани дигар аз тири кормандони полис кушта шуданд.

Ба гуфтаи Рӯҳуллоҳ Самун, ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки дар бинои ҳукумат ҷаласаи раҳбарони вилоят, намояндагони нерӯҳои байнулмилалӣ ва сарони қабилаҳои маҳаллӣ идома дошт. Ба нафаре аз аҳли нишаст осеб нарасидааст.

Масъулияти ҳамларо то ҳол гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG