Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 нафар бар асари тирандозӣ дар як шаҳри Чехия


Дар шаҳри Куновитса, воқеъ дар шарқи Ҷумҳурии Чех, бар асари тирандозии як марди ношинос се нафар ба ҳалокат расиданд. Бар пояи хабарҳо, ин мард дар ҳудуди собиқ корхонаи авиатсионӣ чанд нафарро гаравгон гирифт. Баъд аз чанд соати тирпарронӣ бо кормандони полис, ӯ худро ҳадафи тир қарор дод. Ба ҷуз ӯ ду нафари дигар кушта шуда, панҷ тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Бар пояи иттилоъи ғайрирасмӣ, фарди мусаллаҳ қаблан дар ин корхона кор мекард. Сабабҳои ба ин амал даст задани ӯ маълум нест.
XS
SM
MD
LG