Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: Аз ҳизби ҷавонон то "гӯл"-заданҳои Русия


Маҳкумияти халабонони русӣ ва эстонӣ дар додгоҳи Қурғонтеппа, интихоботи миёндаврии ҳавзаи Шоҳмансур, қазияи ҳастаии Эрон ва мавзеъи Тоҷикистон, барфи аввал ва мушкилоти энержӣ аз мавзӯъҳои аслии ҳафтаномаҳои чопи Душанбе мебошад.

“БИЗНЕС И ПОЛИТИКА”

Нашрияи русизабони чопи Душанбе зимни баррасии қазияи маҳкумияти халабонҳо бо тардид суол гузоштааст, ки халабонон “муттаҳамонанд ва ё гаравгонҳо”. Ин нашрия менависад, “бо эҳтимоли зиёд ҳукми халабонҳо
Русия моликияти Тоҷикистонро бист сол ройгон истифода бурда ва акнун мехоҳад, ки бар ивази он ҳуқуқи будубоши 49-солаи базаи ҳарбии худро ба тариқи ройгон соҳиб шавад...

бознигарӣ нахоҳад шуд. Балки имкони тасмими сиёсӣ ва ё муомила дар ин замина вуҷуд дорад.”

“АЗИЯ-ПЛЮС”

Нашряи дигари русизабони Тоҷикистон низ менависад “Ҳар чӣ ҳам ҳаст, қазия ранги сиёсӣ касб кардааст ва ҷониби Русия таҳдид кардааст, ки бо силӣ ба ин иқдоми Тоҷикистон посух хоҳад дод ва аз фишорҳои иқтисодӣ алайҳи Тоҷикистон кор хоҳад гирифт. Коршиносони тоҷик тардид надоранд, ки ин таҳдидҳо воқеӣ хоҳанд буд.” Ин нашрия суханони Дмитрий Медведевро нашр кардааст, ки гуфтааст, “дар қазияи халабонҳо мо тавзеҳоти кишвари шарики худро, яъне Тоҷикистонро интизор хоҳем шуд. Он гоҳ тасмим мегирем. Ин тасмим метавонад мутақорун ва ё ғайри мутақорун бошад.”

“МИЛЛАТ”

Нашрияи сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо бозтоби қазияи халабонҳо ва сару садои атрофи он дар Маскав ва Душанбе суол гузоштааст, ки “акнун раҳбарияти сиёсии кишвар аз кӣ ҳимоят хоҳад кард, аз қарори додгоҳи худ дар Қӯрғонтеппа ва ё аз манифати Русия ва халабонҳо.”

“НИГОҲ”


Мусоҳибаи Иззат Амон, раҳбари гурӯҳи ташаббускорони таъсиси Ҳизби ҷавонони Тоҷикистонро мунташир кардааст, ки гуфтааст, ба зудӣ асноди ин ҳизбро барои сабти ном ба мақомоти марбута ироа хоҳанд кард. Оқои Амон гуфтааст, “Идеологияи ҳизби мо сотсиал - демократӣ хоҳад буд.” Дар посухи ин суол, ки ҳизби шумо ба кадоме аз арзишҳо авлавият хоҳад дод: исломӣ ва ё миллӣ, ӯ гуфтааст, ки “мо ба арзишҳои инсонӣ эҳтиром хоҳем гузошт.”

“НАҶОТ”


Ба интихоботи миёнедаврӣ дар ҳавзаи Шоҳмансур ва номзад шудани Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон пардохта ва менависад, ки “порлумони Тоҷикистон амалан яккаҳизбӣ аст ва ҳама тибқи дастур ва амри як нафар, президенти Тоҷикистон амал мекунанд. Дар чунин шароит омадани Сӯҳроб Шарифовбаринҳо ба порлумон ҳеҷ таҳаввуле ба бор намеорад.”

“СССР”


Зери сарлавҳаи “Русия Тоҷикистонро гӯл мезанад” роҷеъ ба ҷангафзорҳои пойгоҳи 201-и Русия менависад, “Русия моликияти Тоҷикистонро бист сол ройгон истифода бурда ва акнун мехоҳад, ки бар ивази он ҳуқуқи будубоши 49-солаи базаи ҳарбии худро ба тариқи ройгон соҳиб шуда, шарики худро ба вартаи вобастагии молӣ ва техникӣ андозад.”
XS
SM
MD
LG