Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни заминларза, ки шоми чаҳоршанбе дар шарқи Туркия ба вуқӯъ пайваст, ба ҳафт нафар расид.

Мақомоти Туркия мегӯянд, шумораи қурбониён шояд афзоиш ёбад, зеро одамони зиёде зери харобаҳо мондаанд.

Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, дар маҷмӯъ 25 бино, аз ҷумла, бинои меҳмонсарои шашқабата, ки он ҷо хабарнигорон ва кормандони созмонҳои хайрия ба сар мебурданд, низ хароб шудаанд.

Хадамоти наҷотбахшии Туркия иттилоъ дод, ки то ҳол сарнавишти тақрибан сад нафар номаълум аст. Шаби гузашта беш аз 20 нафар аз зери оворҳо берун кашида шуданд. Моҳи гузашта бар асари заминларзаи шадид дар ҳамин минтақаи Туркия тақрибан 600 нафар ҷон бохта ва садҳо нафари дигар бесарпаноҳ монда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG