Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари садама дар як кони ангишти музофоти Юннан, воқеъ дар ҷанубу ғарби Чин, 14 нафар ба ҳалокат расиданд. Наҷотбахшон талоши берун кардани 24 ангишткани дар кон бударо доранд. Дар амалиёт даҳҳо наҷотбахшон, сӯхторнишонҳо ва тақрибан 300 корманди тиббӣ ширкат доранд.

Ба иттилоъи хабаргузории Синхуа, садама бар асари таркиши газ ба вуқӯъ пайвастааст.

Чанд рӯз пеш ҳамин гуна таркиш дар як кони ангишти вилояти Хэнан рӯх дода буд. Дар он ҷо наҷотбахшон даҳҳо нафарро аз кон берун карданд ва аммо нӯҳ кас ба ҳалокат расиданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG