Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилон хостори парокандасозии Маҷлис шуданд


Дар Қазоқистон 53 вакили парлумон дар як нома унвонии раисиҷумҳур Назарбоев хостори пароканда кардани Маҷлис – палатаи поёнии парлумон шуданд.

Онҳо дархости худро бо он далел бастагӣ додаанд, ки дар шароити бӯҳрони нави иқтисодӣ беҳтар аст агар интихобот зудтар баргузор шавад. Мӯҳлати ваколати парлумони феълии Қазоқистон моҳи августи соли оянда поён меёбад.

Бар пояи қонун, раисиҷумҳур баъди машварат бо вакилони палатаи поёнӣ метавонад парлумонро пароканда ва рӯзи интихоботи навро муқаррар кунад.
XS
SM
MD
LG