Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 ноябр - бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҷопон


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон

Рӯзи 10-уми ноябр дар толори меҳмонхонаи “Тоҷикистон”-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ бо ширкати сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҷопон баргузор шуд.

Нахуст Олимҷон Рафиков, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Вай афзуд: "Мо ба ин бозӣ аз рӯзи 8-уми ноябр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе тӯли се рӯз омодагӣ дидем. Дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ ҳамаи бозигароне, ки ба даста даъват шуда буданд, аз санҷиш гузаштанд. Ба даста як легионер Фарҳод Восиев, ҳимоятгари “Шинник”-и Ярославл, ҳамроҳ шуд. Ин дафъа мо ҳайати дастаи мунтахабро аз ҳисоби бозигарони тимҳои “Регар-ТадАЗ”, "Энергетик" ва "Хайр" пурқувват кардем. Вале ҳавои сарди рӯзҳои охир ва бориши борону барф барои омодагии мо мушкилот эҷод кард. Рақиби мо - дастаи Ҷопон пурқуввату пуртаҷриба аст. Бозӣ вазнин мешавад. Мо ба ин бозӣ бо масъулияти калон муносибат мекунем. Дастаи Ҷопон, бешак, ба даври баъдӣ роҳ меёбад. Ин даста дар назди худ вазифаи роҳхат гирифтан ба сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014-ро гузоштааст. Ба онҳо барои амалӣ шудани ин мақсадашон барори кор мехоҳем.”

Дар акс: Олимҷон Рафиков ва Фарҳод Восиев
Дар акс: Олимҷон Рафиков ва Фарҳод Восиев
Легионер Фарҳод Восиев, ҳимоятгари дастаи “Шинник”-и Ярославл, дар ин нишаст гуфт: “Ин бозӣ барои мо ҳалкунанда нест, аз ин рӯ озодона бозӣ мекунем ва мекӯшем, ки бозии хуб нишон диҳем, хотири мухлисонро шод гардонем. Дастаи пурзӯри Ҷопон дар мавриди пирӯзӣ дар ин бозӣ пешакӣ ба даври баъдӣ роҳ меёбад.”

Сипас Алберто Дзаккерони, сармураббии тими миллии Ҷопон, ба суолҳои хабарнигорон посух дод. Вай, аз ҷумла, гуфт: “Ман аввалан дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои ширкат дар даври севуми мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонии соли 2014 табрик мегӯям. Мунтахаби Тоҷикистон имкони бо дастаҳои пурқувват бозӣ карданро пайдо намуд, ки ин, бешак, ба нафъи тамоми футболи тоҷик аст. Мо ба бозие, ки фардо баргузор мешавад, дар Қатар омодагӣ дидем. Он ҷо ҳаво гарм буд, вале дар Душанбе ҳаво сард аст. Мо ҳоло намедонем, ки вазъи майдони бозӣ чӣ гуна аст. Баъди ин нишаст мо ба Варзишгоҳи марказии Душанбе меравем. Дар назди дастаи мо танҳо як вазифа гузошта шудааст, ки ин роҳ ёфтан ба даври баъдии мусобиқот мебошад.”

Алберто Дзаккерони
Алберто Дзаккерони
Макото Хасэбэ, капитани дастаи мунтахаби Ҷопон, ки нимҳимоятгари бошгоҳи футболи “Волфсбург”-и Олмон аст, ба хабарнигорон гуфт, “ман пеш аз бозии аввал пешгӯӣ карда будам, ки ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон 5 гол мезанем, вале ин дафъа аз пешгӯӣ худдорӣ мекунам, зеро ки мо дар меҳмонӣ бозӣ мекунем.”

Барои инъикоси бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҷопон беш аз 120 намояндаи расонаҳои Ҷопон ва ҳамчунин гурӯҳи бузурги мухлисон низ ба Тоҷикистон омадаанд.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар минтақаи Осиё 11-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо тими миллии Ҷопон бозӣ мекунад. Ин бозии даври чаҳоруми гурӯҳи “С” соати 14 оғоз меёбад.

Инчунин бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби Узбакистон ва Куриёи Шимолӣ 11-уми ноябр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Тошканд соати 18 шурӯъ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали сабқати интихобӣ дар майдони худ аз тими миллии Узбакистон бо ҳисоби 0:1, дар ду бозии баъдӣ дар сафар аз мунтахаби Куриёи Шимолӣ бо ҳисоби 0:1 ва Ҷопон бо ҳисоби бузурги 0:8 мағлуб гашта буд.
Барои инъикоси бозии миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҷопон беш аз 120 намояндагони расонаҳои Ҷопон ба Душанбе омадаанд...
Барои инъикоси бозии миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҷопон беш аз 120 намояндагони расонаҳои Ҷопон ба Душанбе омадаанд...

Ҳоло дар гурӯҳи "С" Ҷопону Узбакистон 7-имтиёзӣ ва Куриёи Шимолӣ се имтиёз ба даст овардаанд. Вале мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки ин дуввумин бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҷопон мебошад. Дар айни ҳол Ҷопон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федератсиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон дар ҷойи 17-ум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 130-вум қарор доранд.

Ҷопон чаҳор бор – солҳои 1992-ум, 2000-ум, 2004-ум ва 2011-ум барандаи Ҷоми Осиё шудааст. Мунтахаби Ҷопон, инчунин, ду бор – солҳои 2002-вум ва 2010-ум ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфтааст.

Пеш аз бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҷопон хабарнигори Радиои Озодӣ бо иддае аз мутахассисону мухлисони футболи тоҷик ҳамсӯҳбат шуд, ки ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад:


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG