Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни заминларза, ки шоми чаҳоршанбе дар шарқи Туркия ба вуқӯъ пайваст, ба ҳафт нафар расид. Мақомот мегӯянд, ки шумораи қурбониён шояд афзоиш ёфбад, зеро одамони зиёде зери харобаҳо мондаанд.

Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, дар маҷмӯъ 25 бино, аз ҷумла, бинои меҳмонсарои шашқабата, ки он ҷо хабарнигорон ва кормандони созмонҳои хайрия ба сар мебурданд, хароб шудаанд.

Хадамоти наҷотбахшии Туркия иттилоъ дод, ки то ҳол сарнавишти тақрибан сад нафар номаълум аст. Шаби гузашта беш аз 20 нафар аз зери оворҳо берун кашида шуданд.

Моҳи гузашта бар асари заминларзаи шадид дар ҳамин минтақаи Туркия тақрибан 600 нафар ҷон бохта буданд.
XS
SM
MD
LG