Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салимзода: Ҳукми зиндони халабонҳо ангезаи сиёсӣ надорад


Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон ҳукми зиндони халабонҳо Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро ташреҳ кард ва гуфт, ки ин ҳодиса як ҷинояти муқаррарӣ буда ягон паҳлӯи сиёсӣ надорад.

Ӯ иддаои мақомоти Русияро дар он бора, ки гӯё халабонҳо беасос зиндонӣ шудаанд, рад кард. Ҷаноби Салимзода афзуд, дар додгоҳ ҷурми халабонҳо дар убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз пурра тайид шуд.

Ба гуфтаи Додситони кулл, ҳарчанд ҷониби Тоҷикистон ба дархости халабонҳо ҳафт бор посухи рад додааст, вале онҳо ин ҳамаро сарфи назар карда дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа фуруд омаданд,

Дирӯз Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои тоҷикаш Ҳамроҳхон Зарифӣ, ҳукми зиндони халабони русро беасос хонда ва гуфтааст, кишвараш барои бознигарӣ ва баргардонидани шаҳрвандаш ба Русия пофишорӣ хоҳад кард.

Аз ин пештар Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, дар сӯҳбати интернетӣ бо блогнависон гуфта буд, ки ба низомии додгоҳии Тоҷикистон дахолат карданӣ нест ва аммо ҳукми додгоҳ дар баробари халабони рус Владимир Садовничий ҳам аз нуқтаи назари ҷинояти содиршуда ва ҳам аз аз нуқтаи назари чӣ гуна гузаштани мурофиа суолҳои зиёдеро эҷод кардааст.

Рӯзи сешанбе додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати Ролкан инвестмент ЛТД - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро барои қочоқ ва марзшиканӣ барои ҳашту ним солӣ маҳкум ба зиндон кард.
XS
SM
MD
LG