Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи мунтахаби футболи Ҷопон ба Тоҷикистон омад


Дастаи мунтахаби Ҷопон дар фурудгоҳи Душанбе
Дастаи мунтахаби Ҷопон дар фурудгоҳи Душанбе

Дастаи мунтахаби миллии футболи Ҷопон шоми 9-уми ноябр тавассути ҳавопаймо ба Душанбе омад.

Алберто Дзаккерони, сармураббии тими миллии Ҷопон, барои бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе 23 бозигар овардааст: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 5 нимҳимоятгар ва 7 ҳамлагар.

Дар байни онҳо 11 нафар легионерҳо ҳастанд, ки дар бошгоҳҳои футболи Белгия, Хорватия, Итолиё, Олмон, Ҳолланд ва Инглистон бозӣ мекунанд.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Ҷопон 11-уми ноябр соати 14 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз меёбад.

Нархи билет барои тамошои ин бозӣ 10 сомонӣ буда, ин билети даромад ба варзишгоҳ, инчунин, билети лотереяи молӣ ба шумор меравад. Бурди олии лотерея мошини сабукрави тамғаи “Жигули” ВАЗ-2107 мебошад.

Фаридун Солиев, сухангӯи дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, 10-уми ноябр соати 11 дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” нишасти матбуотӣ бо ширкати Олимҷон Рафиков, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ва Алберто Дзаккерони, сармураббии тими миллии Ҷопон, баргузор мешавад.


XS
SM
MD
LG