Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рогозин: "Ҳукми халабонҳо ба обрӯи Русия зарбаи сахте зад"


Дмитрий Рогозин, намояндаи вижаи Русия дар НАТО
Дмитрий Рогозин, намояндаи вижаи Русия дар НАТО

Дмитрий Рогозин, намояндаи хоси Русия дар НАТО, ба ҳукми зиндони ду халабон вокуниш нишон дод.

Вай дар сӯҳбат ба расонаҳо гуфтааст, ба муҳлати ҳаштуним соли зиндон маҳкум шудани Владимир Садовничий ба обрӯи Русия латма мезанад.

“Мисли дигар шаҳрвандони Русия маро низ ҳукми додгоҳи Тоҷикистон дар мавриди ду халабони ширкати русӣ нигарон кардааст. Ин ҳукм ба Русия ва обрӯи он зарбаи сахт зад. Агар чунин ҳукм дар Амрико содир мешуд, онро фаҳмидан мумкин. Чунки Иёлоти Муттаҳида давлати абарқудрат аст ва ҳарчанд мо дандон ба дандон монда хашмгин мешавем, вале мефаҳмем, ки ин ҷо муҳорибаи ду давлати баробарвазн меравад. Вале вақте Тоҷикистон ҳам бо мо ҳамин гуна рафтор мекунад, кас ҳайрон мешавад ва саволҳои зиёдеро халқ мекунад”,-илова кардааст ӯ.

Намояндаи хоси Русия дар НАТО гуфтааст, Русия дар ин марвид набояд хомӯш биистад ва бояд ҷиддӣ амал намояд. Вай изҳори удеворӣ кардааст, халабони рус Владимир Садовничий ва ҳамроҳи ӯ Алексей Руденко ба озодӣ хоҳанд баромад.

“Мо бояд ҳама тадбирҳоро нисбат ба ин қазия андешем, ки ҳеҷ кас обрӯи мо ва қобилияти моро барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонамон зери шубҳа қарор надиҳад",-гуфтааст Дмитрий Рогозин.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, низ дар як гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои тоҷики худ Ҳамроҳхон Зарифӣ, гуфтааст, ҳукми додгоҳи Тоҷикистон алайҳи ду халабони як ширкати русӣ кишварашро ошуфта кардааст. Ба қавли дафтари матбуоти Вазорати умурии хориҷии Русия, Сергей Лавров, ҳукми зиндони Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстонияро беасос хондааст. Вай афзудааст, онҳо ба бознигарӣ ва баргардонидани шаҳрвандаш ба Русия пофишорӣ хоҳанд кард.

Пештар аз ин, Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, дар сӯҳбати интернетӣ бо блогнависон изҳор намуд, ки ба низомии додгоҳии Тоҷикистон дахолат карданӣ нест, аммо ҳукми додгоҳ дар баробари халабони рус Владимир Садовничий суолҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия
Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия
Ба гуфтаи ӯ, “ҳукм дар робита ба ин парванда ҳам аз нуқтаи назари ҷинояте, ки гӯиё шаҳрванди мо ва халабони эстонӣ содир кардаанд ва ҳам аз нуқтаи назари чӣ гуна гузаштани мурофиа суолҳои зиёдеро эҷод кардааст. Мо посухи расмии кишвареро, ки бо он равобити ҳампаймонӣ дорем, интизор хоҳем шуд ва баъдан тасмим хоҳем гирифт.”

Раисиҷумҳури Русия гуфтааст, ин тасмимҳо метавонанд ҳамвазн бо ҳукми додгоҳ бошад ё хайр. Ба қавли Дмитрий Медведев, ӯ ба вазорати умури хориҷӣ ва дигар ниҳодҳо амр кардааст, ки ин қазияро пайгирӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия, гуфтааст, дар сурати забони муштарак наёфтан бо Тоҷикистон дар робита ба сарнавишти халабонии зиндонии рус, кишвараш дар пайи андешидани чораҳои лозим хоҳад шуд.

Валентина Матвиенко
Валентина Матвиенко
Валентина Матвиенко, рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Санкт Петербург гуфтааст, амалкарди мақомоти Тоҷикистон “ба нафъи муносиботи дӯстонаи Русияву Тоҷикистон нест” ва агар садои онҳоро нашунаванд, Русия метавонад, таҳримоти зиёди гуногун алайҳи Тоҷикистон эъмол кунад. Аммо гуфтааст ӯ, умедвор аст, ки садои онҳоро Тоҷикистон мешунавад ва кор ба ин ҷо нахоҳад кашид.

Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 7 ноябр Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония -- халабонҳои ширкати русии “Ролкан Инвестмент ЛТД”-ро бо гуноҳи қочоқ ва убури ғайриқонунии марз ба 8,5 солии зиндон маҳкум кард.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, санадҳои ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД” мушкилоти зиёд дорад ва шикояти ҳукумати Афғонистон ҳам аз он зиёд аст. Ҳарду халабон моҳи март бидуни огаҳии қаблӣ бо ду ҳавопаймои Ан-72 аз Афғонистон вориди қаламрави Тоҷикистон шуда, дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нишастаанд.
XS
SM
MD
LG