Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Русия ба эъмоли таҳрим алайҳи Тоҷикистон


Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия, гуфтааст, дар сурати забони муштарак наёфтан бо Тоҷикистон дар робита ба сарнавишти халабонии зиндонии рус, кишвараш дар пайи андешидани чораҳои лозим хоҳад шуд. Валентина Матвиенко, рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Санкт Петербург гуфтааст, амалкарди мақомоти Тоҷикистон “ба нафъи муносиботи дӯстонаи Руссияву Тоҷикистон нет” ва агар садои онҳоро нашунаванд, Русия метавонад, таҳримоти зиёди гуногун алайҳи Тоҷикистон эъмол кунад. Аммо гуфтааст, ӯ умедвор садои онҳоро Тоҷикистон мешунавад ва кор ба ин ҷо нахоҳад кашид. Додгоҳи вилояти Хатлон, рӯзи 8 ноябр халабонҳои ширкати русии “Ролкан Инвестмент” Владимир Садовничий шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстонияро бо гуноҳи убури ғайриқонунии марз ва қочоқ ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Ҳарду халабон бо ҳавопаймоҳояшонро бидуни огаҳии қаблӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда ва дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа дастгир шуданд.
XS
SM
MD
LG