Пайвандҳои дастрасӣ

Нетаняҳу мегӯяд, бояд пеши роҳи Эронро гирифт


Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил мегӯяд, ҷаҳон бояд вориди амал шавад ва аз дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ ҷилавгирӣ кунад. Дар вокуниш ба гузориши нави Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон, Бенямин Нетаняҳу гуфтааст, “ҷомеаи байналмилалӣ бояд монеъи талошҳои Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ шавад, ки барои амният дар ҷаҳон ва Ховари Миёна хатар эҷод кардааст.” Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ рӯзи сешанбе дар гузориши тозае гуфт, нишонаҳое вуҷуд дорад, ки Эрон бо ҳадафи сохти бомби атомӣ озмоишҳоеро анҷом додааст. Аммо Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар як суханронӣ дар телевизиони давлатии Эрон иддаъоҳои оҷонси Созмони Милалро рад кард ва гуфт, кишвараш як зарра аз барномаҳои атомиаш ақибнишинӣ нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG