Пайвандҳои дастрасӣ

Заминларза дар шарқи Туркия се нафарро кушт


Бар асари заминларзаи қавие дар шарқи Туркия дасти кам 3 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар зери овор мондаанд. Зилзилаи 5.7 дараҷаӣ рӯзи чаҳоршанбе дар 16 километрии шаҳри Ван рух додааст. Дасти кам ҳафт бино, аз ҷумла ду меҳмонхонаи шаҳр ва 14 сохтмони дигар хароб шудааст. Ба гуфтаи телевизиони давлатии Туркия, дасти кам 100 нафар зери овори меҳмонхонаву биноҳои дигар мондаанд ва то кунун 11 танро зинда берун кашиданд. Дар зилзилаи вайронгари рӯзи 23 октябр дар шаҳри Вани Туркия тақрибан 600 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG