Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи Русия барои вуруд ба WTO ҳамвор шуд


Русия ва Гурҷистон созишномаи дуҷонибаеро имзо карданд, ки роҳро барои пайвастани Русия ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ (WTO) ҳамвор кард. Созишномаи мазкур бо миёнҷигарии Швейтсария ҳосил шуд ва дирӯз дар шаҳри Женева ба имзо расид. Русия ду даҳсола боз барои узвият дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ талош дошт, вале Гурҷистон ягона узви созмон монеъи қабули он мешуд. Бар асоси созиши дуҷониба, як ширкати мустақил, назорати гумрукӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ миёни Русия ва Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистонро анҷом хоҳад дод. Соли 2008 Русияву Гурҷистон барои ин ду минтақа бо ҳам ҷанги кӯтоҳе доштанд ва баъди ин Русия Осетияи Ҷанубиву Абхозистонро ба ҳайси кишварҳои мустақил ба расмият шинохт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG