Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи музокирот дар Юнони бӯҳронзада


Қарор аст, имрӯз музокирот барои ташкили ҳукумати нави муваққатӣ дар Юнон идома кунад. Дирӯз як ҳизби хурд аз эътилофи аҳзоб аз ин музокирот хориҷ шуд ва дафтари раёсати ҷумҳури Юнон гуфт, музокирот имрӯз идома хоҳад кард. Ҷорҷ Папандреу, нахуствазири Юнон дирӯз гуфт, ҳизбҳои умдаи порлумон бар сари ташкили ҳукумати нав ба мувофиқа расиданд. Вале аз рӯзи душанбе то кунун гуфтӯгуҳо барои интихоби нахуствазири нави Юнон натиҷа надодааст. Ҳукумати муваққатии Юнон вазифаи сахте пеши рӯ хоҳад дошт ва бояд то моҳи декабр барномаи наҷоти молии кишвар аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пулро тасвиб кунад, дар акси ҳол Юнон варшикаста хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG