Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико: "Бомбҳои атомии Покистон дар ҷойи амн аст"


Давлати Амрико гуфт, ба эътиқоди он, силоҳҳои атомии Покистон дар дастони амн аст ва ҳам гузоришҳо доир ба эҳтимоли дуздии он силоҳҳоро рад кард. Марк Тонер, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, дар Вашингтон ба хабарнигорон гуфт, Иёлоти Муттаҳида бовар дорад, ки силоҳҳои атомии Покистон дуруст муҳофизат мешаванд. Ду маҷаллаи мӯътабари амрикоӣ” The Atlantic" ва "National Journal” чанде пеш бо такя ба манобеъи худ навиштанд, ки Покистон бомбҳои атомии худро ба хотири пинҳон доштан, аз чашми ҷосусони Амрико ба маҳалли ноамне интиқол додааст.
XS
SM
MD
LG